РОҲИ ДУШАНБЕ-ЧАНАК БОСУРЪАТ СОХТА МЕШАВАД

Апрель 17, 2009 17:03

              Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). Дар Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи нақлиётгарди Душанбе-Чанак» бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.                Тавре директори муассисаи мазкур Қодир Саидов иттилоъ дод, роҳи нақлиётгарди Душанбе-Чанак, яке аз шоҳроҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мақсад аз татбиқи лоиҳа мусоидат намудан дар рушду нумӯи иҷтимоӣ ва иқтисодии қисматҳои ҷанубу шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи таҷдид ва барқарор намудани роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанак, нақби Шаҳристон, сохтмони галереяҳо, кӯпрукҳо ва дигар иншоотҳои ёрирасон мебошад.                Бояд қайд намуд, ки маблағи умумии лоиҳа 295,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 281,1 млн. доллар қарзи Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой, 14,8 млн. доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. То имрӯз 249,53 млн. доллари ИМА пардохт карда шудааст, ки 235,10 млн. доллари ИМА қарзи Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой ва 14,43 млн. доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.                 Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак бо дарозии 335,4 км, сохтмони 39 адад кӯпрукҳои хурд, миёна ва калон бо дарозии 1 777 метр, васл ва хобонидани 352 адад қубурҳои обгузари зери роҳ бо дарозии 5 974 метр, деворҳои ҳимоявии роҳ 13 100 метр, ҷӯйборҳои шафати роҳ (аз санг ва бетон) бо дарозии 215,2 км бо арзиши умумии 169,5 млн. доллари ИМА амалӣ мешавад.  

Апрель 17, 2009 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад