СӮҲБАТИ МУНШИИ УМУМИИ СААД БО ХАБАРНИГОРОН

Апрель 24, 2009 13:48

                 Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа мулоқот кард. Муншии умумии СААД баъди анҷоми мулоқоташ бо Президент зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар бораи натиҷаҳои он маълумоти мухтасар дод. Вай, аз ҷумла, зикр намуд, ки ба Сарвари давлати Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои дар доираи созмон андешидашаванда, аз ҷумла, тайёрӣ ба иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ маълумот додааст. Иҷлосияи мазкур 14 июн дар Маскав баргузор мегардад. Дар он теъдоди зиёди масъалаҳои вобаста ба ташкили воҳидҳои низомӣ, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сиёсати берунӣ, тақвияти мубориза ба муқобили терроризм ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор муҳокима карда мешаванд. Аз ҳама муҳимаш ҳамин аст, ки мо мехоҳем ба сарони давлатҳо маҷмӯи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии марбут ба ташкили Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилиро пешниҳод намоем, гуфт Николай Бордюжа.                   Вай афзуд, ки зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон масъалаи вобаста ба ташкилу фаъолияти Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ, ҳайати мансубини он, зарурати ҳатмии омода сохтани ҳуҷчатҳо ва заминаи меъёрие муҳокима карда шуд, ки ба истифодаи ҳатмӣ ва самарабахши ин қувваҳо дар мавриди ба миён омадани муноқишаҳои имконпазир шароит муҳайё месозанд.                 Муншии умумии СААД зимни ҷавоб ба саволҳои хабарнигорон изҳор намуд, ки айни ҳол ба ҳайати Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ 11 баталён дохил мешавад. Ин қувваҳо, тибқи нақша дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷой дода мешаванд. Қувваҳои мазкурро на танҳо давлатҳои Осиёи Марказӣ, балки давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Қафқоз низ ташкил хоҳанд дод. Бояд гуфт, ки ба ин қувваҳо на баталёнҳои алоҳида, балки ҷузъу томҳои нисбатан калонтари ҳарбӣ, аз ҷумла, бригадаҳо ё дивизияҳои таъиноти махсус шомил карда мешаванд. Шарти асосии ташкили онҳо муҳайё сохтани шароиту имконияти хеле зуд ҷой иваз карданашон дар қаламрави давлатҳои аъзои СААД мебошад. Дар оянда ба ҳайати Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ ҷузъу томҳои таъиноти махсус аз қисмҳои ҳарбии мақомоти амниятӣ ва мақомоти махсуси корҳои дохилӣ шомил карда мешаванд, гуфт дар хотима Николай Бордюжа.                                                                           Тарҷумон — Қудратов А.  

Апрель 24, 2009 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид