СӮҲБАТИ САФИРИ АВСТРАЛИЯ БО ХАБАРНИГОРОН
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Сафири фавқулодда ва мухтори Австралия дар Тоҷикистон Маргарет Эйлин Туми имрӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома супорид. Вай баъди маросими супоридани эътимоднома бо хабарнигорон сӯҳбат карда, аз ҷумла, зикр кард, ки ӯ сафири шашуми мамлакаташ дар Тоҷикистон мебошад. М.Э.Туми афзуд, ки ҳамроҳи Президент асосан роҳу усулҳои густариш додани ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намудааст. Вақте ки мамлакатҳо дар бораи ҳамдигар маълумоти кофӣ надоранд, ривоҷ додани муносибатҳо ва ҳамкории онҳо хеле душвор мегардад, гуфт сафир. Ин ҷараёни ҳамкории мамлакатҳоро кашол медиҳад. Сафири Австралия изҳор намуд, ки Президенти Тоҷикистон ба ӯ дар бораи имкониятҳои ҳамкории ҳар ду мамлакат дар соҳаҳои гидроэнергетика ва истихроҷи маъдан маълумот додааст. Мо ҳамчунин проблемаҳои умумӣ, аз ҷумла, тақвияти мубориза ба муқобили терроризм, хариду фурӯши одамон, эҳтироми ҳуқуқи инсон, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ва вазъияти Афғонистонро муҳокима кардем, зикр намуд сафири Австралия. Вай қайд кард, ки айни ҳол теъдоди зиёди низомиёни мамлакаташ дар Афғонистон ҷой дода шудаанд. Зимни сӯҳбат ба густариши ҳамкории хар ду мамлакат дар доираи созмонҳои байналхалқӣ дахл карда шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






