СӮҲБАТИ САФИРИ МАЛАЙЗИЯ БО ХАБАРНИГОРОН
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Тавре хабар дода шуда буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон субҳи имрӯз эътиборномаи сафири кабири Малайзия дар Тоҷикистон Абдулазиз бинни Ҳорунро қабул намуд. Сафир баъди маросими супурдани эътиборнома бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ мухтасар сӯҳбат кард. Вай ба хабарнигорон дар бораи мулоқоташ бо Сарвари давлат ва натиҷаҳои он маълумот дод. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки зимни мулоқот асосан роҳу усулҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуданд. «Президенти Тоҷикистон сафари худро ба Куала — Лумпур дар соли 2003 ёдовар шуд. Вай ҳамон вақт дар маҷлиси Созмони конфронси исломӣ иштирок карда буд. Тоҷикистону Малайзия ҳамчун давлатҳои аъзои созмони мазкур ва мамлакатҳои мусулмон умумиятҳои зиёд доранд. Тоҷикистон метавонад таҷрибаи Малайзияро ҳамчун мамлакати мусулмон омӯзад», — гуфт сафир. Вай зикр намуд, ки Президенти Тоҷикистон тоҷирону соҳибкорони Малайзияро даъват кардааст, то ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат сармоя гузоранд. Абдулазиз бинни Ҳорун изҳор намуд, ки ҳамаи пешниҳодоти Президенти Тоҷикистонро ба ҳукумати мамлакаташ ва тоҷирону соҳибкорони он мерасонад. Вай зикр намуд, ки Тоҷикистону Малайзия то ҳол ягон қарордоди ҳамкорӣ имзо накардаанд. Бо вуҷуди ин, Малайзия соли 1995 ба Тоҷикистон дар соҳаи маориф кӯмаки техникӣ расонда буд. Соли 2008 ҳашт нафар намояндаи Тоҷикистон дар мактабҳои олии Малайзия таҳсил намуданд. Соли 2009 чор намояндаи дигари Тоҷикистон ба мактабҳои олии ин мамлакат дохил шуд. Таъкид шуд, ки ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни ҳар ду мамлакат он қадар зиёд нест, вале барои афзун гардондани он имкониятҳои зиёд мавҷуданд. «Ман Президенти Тоҷикистонро даъват намудам, ки барои боздиди давлатӣ ба Малайзия ташриф орад. Инчунин, ташрифи роҳбарияти Малайзия ба Тоҷикистон имконпазир аст», — гуфт Абдулазиз бинни Ҳорун. Вай афзуд, ки Тоҷикистону Малайзия дар соҳаҳои кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои муштараки маснуоти барқӣ ва туризм ҳамкорӣ карда метавонанд. Дар хотима пешниҳод карда шуд, ки байни ҳар ду кишвар парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар ба роҳ монда шавад. Тарҷумон — Қудратов А.








Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд






