СӮИҚАСД БА ҶОНИ ВАКИЛИ ПАРЛУМОНИ ҚИРҒИЗИСТОН

Апрель 16, 2009 15:45

                Бишкек, 16 апрел. (АМИТ «Ховар» — Кабар). — 14 апрел дар Бишкек ба ҷони вакили парлумони Қирғизистон Санҷар Қодиралиев сӯиқасд ташкил карда шуд. Шахсони номаълум ба сӯи ӯ дар наздикии хонааш аз аслиҳа оташ кушоданд. Вакили парлумон дар натиҷаи ин ҳуҷум ба ҳалокат расид. Роҳбари дафтари матбуоти ВКД Қирғизистон Боқит Саидов хабар дод, ки вобаста ба ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши он давом дорад.                 С.Қодиралиев яке аз тоҷирони ҷавони маъруфи Қирғизистон, инчунин муовини раиси Федератсияи варзиши ҷанги тан ба тан (панкратион) буд. Вай аз рӯи ин навъи варзиш қаҳрамони Евразия гардида буд. Номзадии ӯро ба вакилии парлумон ҳизби «Оқ жол» пешбарӣ карда буд.                 С.Қодиралиев 33 — сола буда, то ҳол муҷаррад буд. Ӯ тобистони соли 2008 ба ҷои вакили маъзулшуда аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Кӯршаби вилояти Ӯш вакили парлумон интихоб шуда буд.                 Вакили парлумон Давронбек Содирбоеви шодравон моҳи сентябри соли 2007 дар иҷлосияи парлумон изҳор карда буд, ки ба ҷони сӯиқасд тайёр карда мешавад. Ҳамон вақт ишора шуда буд, ки Санҷар Қодиралиев ба ин сӯиқасд шарик буда метавонад.

Апрель 16, 2009 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид