С. ХАЙРУЛЛОЕВ: «МО ХОСТОРИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРӢ БО ПАРЛУМОНИ АВРУПО ҲАСТЕМ»
Душанбе, 7 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумони Аврупо дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев бо намояндагони парлумони Аврупо, ки таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи парлумони Аврупо хонум Она Юкневичене ба Душанбе омадаанд, баррасӣ гардиданд. Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев доир ба таърихи таъсиси парлумони Тоҷикистон сухан карда, гуфт, ки алҳол дар парлумони кишвар намояндагони се ҳизби сиёсӣ фаъолият менамоянд, ки аз рушди равандҳои демократия ва гуногунандешӣ шаҳодат медиҳад. Мавсуф ҳамзамон, роҷеъ ба ҳамкории судманди парлумони Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои ҷаҳон ибрози назар намуда, афзуд, ки мо хостори ҳар чӣ бештар тақвият ёфтани робитаҳои парлумонӣ байни Тоҷикистон ва парлумони Аврупо ҳастем. Ҳайати намояндагони парлумони Аврупо таҳти роҳбарии Она Юкневичене аз 6 то 9 апрел дар Душанбе қарор доранд ва ҳадафи сафарашон тавсеаи ҳамкорӣ миёни парлумонҳои Тоҷикистон ва парлумони Аврупо мебошад. Бояд тазаккур дод, ки парлумони Аврупо 59 сол муқаддам, аниқтараш соли 1950 таъсис дода шуда, дорои 785 намояндаи кишварҳои Аврупо мебошад. Намояндагони парлумони Аврупо ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешаванд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






