САФАРИ ҒАЙРИЧАШМДОШТИ САРВАЗИРИ БРИТАНИЯ БА АФҒОНИСТОН

Апрель 28, 2009 10:23

                  Кобул, 28 апрел. (АМИТ «Ховар» — Евронюс). — Сарвазири Британияи Кабир Гордон Браун ғайричашмдошт ба Афғонистон сафар кард. Вай дар вилояти Ҳилманд бо шароити хизмати хизматчиёни ҳарбии мамлакаташ шинос гашта, баъдан дар Кобул бо Президенти Ағонистон Ҳамид Карзай мулоқот кард. Қайд карда мешавад, ки ҳадафи сафар баррасии ташаббусҳои нави Британияи Кабир дар мубориза ба муқобили терроризм вобаста ба авҷ гирифтани фаъолияти дастаҳои мусаллаҳи «Толибон» ва «Алқаёда» дар минтақа мебошад.                    Гордон Браун дар вилояти Ҳилманд зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки ҳамаи вилоятҳои мамлакат бояд таҳти назорати пурраи давлат қарор дода шаванд. Барои ин шумораи хизматчиёни ҳарбии Афғонистон то соли 2011 ба 135 ҳазор нафар расонда хоҳад шуд. Гордон Браун аз Кобул ба Исломобод рафт. Вай дар ин ҷо зимни мулоқот бо мақомоти Покистон муҳокимаи масъалаҳои тақвияти мубориза ба муқобили терроризм ва ифротгароиро давом медиҳад.                                                                                Тарҷумон — Қудратов А. 

Апрель 28, 2009 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид