САФАРИ ҒАЙРИЧАШМДОШТИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ОЛМОН БА АФҒОНИСТОН

Апрель 30, 2009 11:18

               Кобул, 30 апрел. (АМИТ «Ховар» — Евронюс). — Вазири корҳои хориҷии Олмон Франк Валтер Штайнмайер ғайричашмдошт ба Афғонистон сафар кард. Вай зимни мулоқоташ бо Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай ӯро дилпур сохт, ки маъмурияти мамлакаташ ба таври илова ба Афғонистон 600 хизматчии ҳарбиро мефиристад. Онҳо дар ҳайати қисмҳои ҳарбии эътилофии хориҷӣ барои таъмини амнияти мамлакат истифода бурда мешаванд.                  Вазири корҳои хориҷии Олмон ба ҷалби Покистон ба ҳалли масъалаҳои таъмини амният баҳои баланд дод. Вай зикр намуд, ки айни ҳол дар Вашингтон гуфтушуниди намояндагони Покистону ИМА давом дорад. Таъмини амнияти Афғонистон ва бехатарии гузаронидани интихоботи Президенти он ба натиҷаҳои ҳамин гуфтушунид вобаста аст.                 Хабар дода мешавад, ки дар рӯзи ба Кобул омадани вазири корҳои хориҷии Олмон 5 аскари олмонӣ дар натиҷаи амалиёти террористӣ сахт маҷрӯҳ гардиданд. Масъулияти амалиётро яке аз гурӯҳҳои маҳаллии ҷунбиши «Толибон» ба зиммаи худ гирифт.  

Апрель 30, 2009 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст