САФИ ИХТИЁРИЁН МЕАФЗОЯД
Исфара, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло). — Сафи ихтиёриёни хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ то рафт меафзояд. Инро раванди навбати аввали гусели ҷавонон ба сафҳои Артиши Миллӣ аз вилояти Суғд собит сохт. Бояд қайд намуд, 72 нафар ихтиёриёни наваскар аз ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳри Исфара сафарбар карда шуданд. Раиси комиссияи даъват, муовини аввали Раиси шаҳри Исфара Баҳромҷон Бобоев ҷавононро бо чунин шарафи мардонагӣ, хизмат ба Ватан шодбош гуфта, зикри сабақи далерию шуҷоат ва садоқат будани хизмати ҳарбиро карда барои идомаи анъанаҳои неки бобоёну падарони қаҳрамон дар ҷабҳаҳои дифоъ аз Ватан ба ҷавонон пирӯзиҳо таманно намуд. Инчунин раиси собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри мазкур Каримҷон Музаффаров, собиқадори ҷангу меҳнат, пири садсола Сангинхон Саримсоқов ва дигарон ба сухан баромада ба наваскарон роҳи сафед талабиданд. Қобили зикр аст, ки дар раванди навбати аввали сафарбаркунӣ ҷамоатҳои шаҳракҳои КИМ, Нефтобод ва Шӯроб аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи даъвати баҳории даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ сарбаландона баромаданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






