САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ СУҒД ДИДАН МЕКУНАД
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корхонаҳои саноатӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва дигар иншооти обтаъминкунии вилояти Суғд ба ин вилоят сафари корӣ анҷом медиҳад. Субҳи имрӯз, нахуст Сарвазири мамлакат аз ҶСШК «Новселмаш»-и ноҳияи Спитамен ва пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод дидан намуда, бо шарту шароити фаъолият ва вазъи техникии онҳо шинос шуд. Нимаи дуюми рӯз Оқил Оқилов аз иншооти ҷашние, ки бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Рӯзи ваҳдати миллӣ дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд бунёд мегардад дидан мекунад. Мавриди зикр аст, ки сафари кории Сарвазири ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд то 6 апрел идома ёфта, дар назар аст, ки дар ҷараёни он Оқил Оқилов бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва иншооти обтаъминкунии дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят шинос шавад. Дар фарҷоми сафар Сарвазири мамлакат дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва иншооти обтаъминкунии вилоят машварати корӣ доир хоҳад кард, ки дар он натиҷаҳои сафараш ҷамъбаст карда мешавад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






