СЕМИНАР БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дар шаҳри Хуҷанд дар доираи барномаи «Ҳаракат ва маърифати олимпӣ» барои омӯзгорони тарбияи ҷисмони ва мураббиёни Мактаби варзишии бачагону наврасон семинар баргузор гардид. Дар он намояндагони Академияи миллии олимпӣ, шӯъбаи маорифи Хуҷанд ва Иттиҳоди «Занон ва варзиш» ширкат варзиданд. Муовини раиси Академияи миллии Олимпии ҷумҳурӣ Ибод Шарифӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки иштирокчиёни семинар бо таърихи Бозиҳои қадима ва имрӯзаи олимпӣ, рамзҳо ва принсипҳои асосии олимпӣ ва иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ҳаракати олимпӣ шинос гардиданд. Семинар таҳти роҳбарии муовини раиси Академияи миллии олимпӣ Ибод Шарифӣ ва ҳамоҳангсози Иттиҳоди «Занон ва варзиш» — и Хуҷанд Манижа Қосимова гузашт. Дар он масъалаҳои беҳтар сохтани сифати машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар мактабҳо, нақши омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ ва мураббиёни мактаби варзишии бачагону наврасон дар тарбияи варзишгарони ҷавон баррасӣ шуданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






