СЕМИНАРИ ПАНҶРӮЗА
Суғд, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).- Дар меҳмонхонаи «Ленинобод»-и шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишии 5-рӯза дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои фарҳанг дар ВАО» баргузор гардид. Онро бештар аз 60 нафар шунавандаҳо аз ҳисоби донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акдемик Б. Ғафуров, бахши рӯзноманигорӣ ва журналистони касбии вилояти Суғд хатм намуда, соҳиби сертификат гардиданд. Дар семинар масъалаҳoи фарҳангии санъати тасвирӣ, мусиқӣ, мӯд ва дизайн, санъати кино мавриди омӯзиш қарор гирифт. Олимон, профессорон Наим Ҳакимов, Матлуба Хоҷаева ва олими қазокистонӣ Гулдона Сафарова таълим доданд. Семинар бо дастгирии намояндагии Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушода- Бунёди Мадад дар Точикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акдемик Б Ғафуров, Маркази иттилоотиву таълимӣ ва фарҳангии «Фурӯғ» ташкил ва маблағгузорӣ карда шуд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






