ШАҲОДАТНОМАИ ҲАРБИРО ХАРИДА МЕШАВАД, АММО…
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ«Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Шаҳрванд С.., 22- январи соли 2009 бо ариза ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи дар вилояти Суғд арз намуд, ки комиссари ҳарбии шаҳри Табошар, полковник Эргаш Имомназаров барои тайёр намудани шаҳодатномаи ҳарби ба додараш аз ӯ маблағи 1000 доллари ИМА талаб карда истодааст. Бегоҳи ҳамон рӯз дар вақти гузаронидани амалиёт аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд, Э. Имомназаров ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 1000 доллари ИМА дар шоҳроҳи шаҳраки «Ором-Полос»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дастгир карда шуд. Давоми 2- моҳи тафтишоти пешаки зиёда аз 20 лаҳзаи марбут ба гирифтани пора аз ҷониби ӯ ошкор карда шуд. Тавре аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, нисбати номбурда аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3, 319 қисми 4, 391 қисми 1, ва 323 Кодекси Ҷиноии ҶТ оғоз карда шуда, тафтишоти пешаки идома дорад. Ба ҳамин монанд собиқ комиссари ҳарбии шаҳри Чкалов Ш.Б. Сайдалиев ва дигар ҳаммаслаконаш низ барои аз ӯҳдадории ҳарбӣ озод кардан ва шаҳодатномаи қалбакӣ тайёр карда додан дар 5 ҳолат кирдори ҷинояткоронашон ошкор карда шуд, ки аз ҳар яке дар алоҳидагӣ аз 200 то 500 долари ИМА гирифтаанд. Нисбати онҳо низ аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентии вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ бо модаҳои 320, 319, 391, 340 ва 323-и Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






