ШАҲРДОРӢ БА АТРОФИЁНАШ КАМТАР БОВАР ДОРАД
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Рӯзи Душанбеи сипаришуда, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳангоми баргузории машварати корӣ, ки бо иштироки раисони ноҳияҳо ва идораҳои марбута доир кард, талаб намуд, ки пардохти маош ва нафақаи шаҳрвандони пойтахтро саривақтӣ таъмин намоянд. Раис идораю корхонаҳои аз музди меҳнат қарздорро ном набурд, аммо таъкид кард, ки таъмини саривақтии маошу нафақаро зери назорати худ қарор медиҳад. Тибқи маълумоти шӯъбаҳои таъминоти иҷтимоии ноҳияҳои пойтахт маоши моҳи мартии кормандони соҳаи буҷавӣ пурра пардохта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






