ШАРИКИ НАВИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ

Апрель 4, 2009 09:40

                Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо кардани шарики нави ҳамкориҳои иқтисодиро дар симои Муғулистон хуб истиқбол намуданд.Мардум аз имзои панҷ ҳуҷҷати муҳиме, ки дар натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Улан — Батор бо роҳбарони ин кишвар ба имзо расидааст, дар оянда ҳамкориҳои хуби иқтисодиро интизоранд.                «Дар ин гуфтушунид масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба миёни ин ду кишвар дар соҳаи нақлиёт, коммуникатсия, энергетика, чорводорӣ, истеҳсоли гӯшт, шир, коркарди пӯсту пашм сухан рафт, ки барои имрӯзу фардои Тоҷикистон хеле муҳим аст»,- иброз дошт узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Юсуфҷон Ахмедов.

Апрель 4, 2009 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад