«ШАРОБИ УРОТЕППА» СОДИРОТ МЕШАВАД

Апрель 8, 2009 15:15

                       Истаравшан, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейн Нарзулло). — 32 ҳазор литр ашёи нимкоркард (хом)-и ҶДММ «Шароби Уротеппа», ки онро «Дистиляти шароб» низ меноманд, тибқи шартномаи корхона бо ширкати «Глобал-Алко»-и Ҷумҳурии Қирғизистон ба ин кишвар содир карда шуд.                        Барои он, ки маҳсулоти заводи шароби мо дар хориҷи мамлакат ба фурӯш равад, ба мо зарур шуд, ки иҷозатнома (литсензия)-и Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сертификати озмоишгоҳи марказии КВД «Хурокворӣ»-и ҶТ, сертификати Палатаи савдою саноати вилояти Суғд, Квотаи содир намудани маҳсулотро аз КВД «Хурокворӣ»-и ҶТ ба даст орем, — гуфт дар сӯҳбат директори корхонаи номбурда Ориф Охунов.                        Инчунин содир гардидани маҳсулоти як корхонаи музофотии кишвар ба хориҷа ин дурусту бамаврид будани иқдоми Сарвари давлатамонро дар бобати эълони мораторияи 2 сола нисбати тафтишу санҷишҳои соҳибкорони хурду миёна исбот менамояд.                       Бояд гуфт, ки заводи шароби Истаравшан таърихи зиёда аз 110-сола дошта, дар Осиёи Марказӣ яке аз муассисаҳои кӯҳнатарини саноатӣ ба ҳисоб меравад ва дар вақташ аз ҷониби соҳибкорони рус падару писар Первушинҳо ташкил карда шудааст.                       Дар замони шуравӣ он яке аз муқтадиртарин корхонаҳои истеҳсолии вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) маҳсуб мешуд. Шаробҳои навъи олии ин корхона «Уротеппа», «Ғончӣ», «Тоифӣ», «Кагор» ва ғайра, дар даҳҳо озмунҳои байналхалқӣ ширкат варзида, соҳиби медалҳои зиёди тиллоӣ ва нуқрагин гашта буданд.                        О. Охунов инчунин зикр намуд, ки мо ҳаракат карда истодаем, анъана ва суннатҳои дерини корхонаро аз сари нав зинда намоем. Зимистони сахти порсола ва азоби бебарқии имсола кори моро хеле қафо андохта бошад ҳам, баробари фарорасии баҳор бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда, нақшаи семоҳаи истеҳсоли маҳсулотро зиёда аз 250 фоиз иҷро кардем. Ҳозир дар захира боз зиёда 30 тонна спирти хом, 9 ҳазор литр спирти конякӣ, 6 900 далл арақ, 48 000 декалитр шароб ва ғайра дорем ва аз онҳо истеҳсоли навъҳои гуногуни коняк ва арақу шароби аълосифат оғоз шудаанд. Дар мавриди содир намудани маҳсулоти хушсифати тайёр ҳамчунин бо давлатҳои Руссия ва Украина гуфтушунидҳо идома дорад.

Апрель 8, 2009 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид