ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИИ ЛАҲИСТОН ДАР АФҒОНИСТОН ЗИЁД КАРДА МЕШАВАД
Варшава, 29 апрел. (АМИТ «Ховар» — Евронюс). — Сарвазири Британияи Кабир Гордон Браун дар роҳи бозгашт аз Афғонистон ва Покистон дар Лаҳистон таваққуф намуд. Вай дар ин ҷо бо сарвазири Лаҳистон Доналд Туск мулоқот кард. Г.Браун ба ҳамсӯҳбаташ дар бораи нақшаи нави стратегии Британияи Кабир дар Афғонистон маълумот дод. Сарвазири Британия аз қарори Ҳукумати Лаҳистон дар бораи фиристодани гурӯҳи иловагии хизматчиёни ҳарбӣ ба Афғонистон изҳори қаноатмандӣ намуд. Доналд Туск зикр намуд, ки барномаи нави стратегии Президенти ИМА Барак Обама дар Афғонистон сулҳу суботро дар ин мамлакат барқарор карда метавонад. Вай изҳор намуд, ки Лаҳистон тамоми ӯҳдадориҳои дар назди НАТО ба зиммагирифтаашро иҷро менамояд. Аз ҷумла, ба Афғонистон ба таври илова 400 хизматчии ҳарбии лаҳистонӣ фиристода хоҳад шуд. Ҳамин тариқ шумораи хизматчиёни ҳарбии ин мамлакат дар Афғонистон ба 2000 навар мерасад. Тарҷумон — Қудратов А.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






