ШУМОРАИ КОРГАРОНИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК АЗ ЯК МИЛЛИОН НАФАР ЗИЁД АСТ

Апрель 17, 2009 11:23

                 Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 16 апрел дар Душанбе мулоқоти қонуншиносон ва ҳуқуқшиносони якчанд мамлакати аъзои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, аз ҷумла, Тоҷикистон, Қирғизистон, Финляндия, Норвегия, Лаҳистон, Фаронса ва Олмон баргузор гардид. Онҳо дар семинари минтақавие ширкат варзиданд, ки бо ташаббуси парлумони Тоҷикистон, Ассамблеяи парлумонии САҲА ва намояндагии он дар Тоҷикистон гузаронида шуд.  Дар ҷараёни мулоқот зикр карда шуд, ки шумораи коргарони муҳоҷири тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ айни ҳол аз як миллион нафар ҳам зиёд аст. Қисми зиёди онҳо дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ мекунанд. Аз рӯи маълумоти ғайрирасмӣ коргарони муҳоҷири тоҷик ҳар сол ба ватан баробари аз се ду ҳиссаи маблағи Маҳсулоти умумии дохилии кишвар пул мефиристанд.                Иштирокчиёни семинар инчунин масъалаҳои таъсири бӯҳрони молиявиро ба фаъолияти коргарони муҳоҷир, идораи ҷараёни муҳоҷирати коргаронро дар сатҳи минтақа ва тадбирҳои тақвияти муборизаро ба муқобили хариду фурӯши одамон муҳокима карданд.                Дар семинар роҳбари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон Владимир Пряхин ширкат варзид.

Апрель 17, 2009 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа