СИПОСГУЗОРИИ САРКОРИ 75-СОЛА
Истаравшан, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейн Нарзулло). — Дар асоси ҷамъбасти натиҷаҳои хоҷагии халқи вилояти Суғд дар соли 2008 дар соҳаи кишоварзӣ унвони баланди «Беҳтарин ангурпарвари сол» насиби пири 75-сола, Ҳоҷи Ҷӯра Бобоев, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан шуд. Ҷ. Бобоев, ки дар байни халқ, бо номи «Ҷӯра саркор» машҳур аст, зиёда аз 60 сол бо деҳқонӣ сарукор дошта, фарзандону наберагонаш низ пайрави ӯ гаштаанд. Ин пири кор, ки дар тамоми умраш рухсатии меҳнатӣ чист, намедонаду то ба ҳол ба нафақа набаромадааст, имрӯз сарварии хоҷагии деҳқонии «Ҷӯра саркор» — ро ба ӯҳда дорад. Ӯ ҳамчунин вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри мазкур интихоб шудааст. Ӯ ҳамроҳи аҳли оилааш ҳосилнокии ангурро аз ҳар га ба 300-350 сентнерӣ расонд. — Қадршиносии мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамаи аъзои оилаи маро водор мекунад, ки дар рушду нумӯъи токпарварӣ дар Истаравшан ҳарчи бештар саҳм гирем, — мегуяд Ҷӯра саркор. Таҳрири Жасмин Назарова








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






