СОҲАИ МУРҒПАРВАРӢ БАРҚАРОР КАРДА МЕШАВАД

Апрель 20, 2009 11:59

                   Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Олимов). — Соли 2009 дар мамлакат барои барқарор сохтани соҳаи мурғпарварӣ корҳои зиёде ба сомон расонда шуданд. Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Саноати мурғпарварии Тоҷикистон» Машокир Назаров ба мухбири ғайриштатии АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бо кӯмаки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва кӯшиши вазорати кишоварзии мамлакат аз 21 хоҷагии мурғпарварии хусусигардонидашуда то имрӯз 18 хоҷагӣ аз нав барқарор карда шуд ва фаъолияти онҳо давом дорад.                    М.Назаров зикр кард, ки дар давоми се моҳи аввали соли 2009 саршумори мурғ дар миқёси мамлакат ба 804 ҳазору 43 сар расонда шуд, ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 144 ҳазору 753 сар зиёд мебошад. Айни ҳол дар ҳамаи хоҷагиҳои мурғпарварӣ як миллиону 18 ҳазору 826 сар мурғ парвариш карда мешавад.                   Дар давоми се моҳи гузашта дар мамлакат 25 миллиону 583 ҳазору 256 дона тухми мурғ ҷамъ оварда шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 хеле зиёд аст. Дар ин бобат дастовардҳои мурғпарварони вилояти Суғд назаррас мебошад. Ҳоло дар ин ҷо 465 ҳазору 254 сар мурғ парвариш карда мешавад. Мурғпарварони суғдӣ аз аввали сол то имрӯз 15 миллиону 282 ҳазору 163 дона тухм ба даст оварданд.                    Хабар дода шуд, ки бар асари сардиҳои ҳавоӣ моҳҳои январу феврал дар хоҷагиҳои мамлакат 29 ҳазору 752 сар мурғ талаф ёфт. Сабаби талафоти зиёди мурғон асосан набудани қувваи барқ ва хунук будани мурғхонаҳо мебошад.                   Айни ҳол хоҷагиҳои мурғпарварӣ дар ихтиёри худ 5100 гектар замин доранд. Дар он барои таъмини эҳтиёҷоти мурғон зироатҳои гуногун парвариш карда мешаванд.                   М.Назаров афзуд, ки солҳои охир парвариши бедона низ торафт вусъат меёбад. Ҳоло дар мамлакат саршумори бедона ба 10 ҳазор сар расонда шудааст.                    Мувофиқи барномаи рушди соҳаи мурғпарварӣ, ки солҳои 2007 — 2015 — ро дар бар мегирад, бояд истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба дараҷаи соли 1990 расонда шавад. Соли 1990 дар Тоҷикистон 530 миллион дона тухм ҷамъ оварда, 15,4 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол карда шуда буд. Айни ҳол хоҷагиҳои мурғпарварии мамлакат имкон доранд, ки то 1 миллион сар мурғро парвариш карда, дар давоми сол бештар аз 200 миллион дона тухм ва 7 ҳазор тонна гӯшти мурғ ба даст оранд.                  Дар фарҷоми сӯҳбат қайд карда шуд, ки дар соҳаи мурғпарварӣ камбудию проблемаҳо хеле зиёданд. Бо вуҷуди ин мо кӯшиш мекунем, ки саршумори мурғ соли равон нисбат ба соли 2008 — ум ду баробар зиёд карда шавад, гуфт Машокир Назаров.                                                                  Саидмухтор Олимов,                                                        Мухбири ғайриштатии АМИТ «Ховар» 

Апрель 20, 2009 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар