СОҲИЛҲОИ ДАРЁИ ДУШАНБЕ ТОЗА КАРДА МЕШАВАД
Душанбе. 13 апрел. «НИАТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Тозагии соҳилҳои дарёи Варзоб дар ҳудуди пойтахт — покизагии виҷдони сокинонаш аст», таҳти чунин унвон 18 апрел дар Рӯзи пойтахт дар соҳилҳои дарёи Душанбе амалиёти тозагӣ гузаронида мешавад. Назар ба иттилои котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, дар ин хусус раиси шаҳри Душанбе Махмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд. Дар амалиёти тозагии соҳилҳои дарёи Душанбе дар қатори кормандони муассисаю идораҳои пойтахт, ҳамзамон сокинони маҳаллаю шаҳракҳое, ки дар соҳили дарёи Душанбе зиндагӣ менамоянд, ширкат меварзанд. Ин чорабинӣ бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва тарғиби тарзи ҳаёти солим андешида шудааст.








КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд






