СОХТМОНИ ҚАСРИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ АНҶОМ МЕЁБАД

Апрель 17, 2009 11:24

                  Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Муҳандиси маъмурияти сохтмони муассисаҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Набишо Бурҳонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар шаҳри Панҷакент сохтмони Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ рӯзҳои наздик ба охир мерасад. Қайд карда шуд, ки қасри фарҳанг дар арафаи таҷлили Рӯзи оштии миллӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Қасри фарҳанги мазкур ба рӯйхати объектҳои идона дохил карда шудааст, гуфт Н.Бурҳонов.                  Дар шаҳри Панҷакент ба муносибати 1150 — солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ осорхонаи Маликушшуаро ба куллӣ тармим карда шуд. Қасри фарҳанг дар наздикии ҳамин осорхона сохта мешавад. Бояд гуфт, ки сохтмони он ҳанӯз соли 1989 оғоз ёфта буд ва баъд қатъ гардид. Соли 2006 сохтмони Қасри фарҳанг давом дода, нақшаи сохтмони он то андозае тағйир ёфт.                  Дар ду ошёнаи он ба ҷои китобхона Мактаби ҳунарӣ ва синфхонаҳо барои машқи рақс ва устохонаҳои рассомӣ кушода мешаванд. Масоҳати умумии қаср 2900 метри мураббаъ мебошад. Қасри фарҳанг дорои толори тамошо барои 500 нафар, саҳнаи 13 метра, мактаби ҳунарӣ ва ғайра аст.                  Қисмати даромади он бо ранги тиллоӣ зарандуд карда шудааст. Барои сохтмони қаср 11 миллиону 800 ҳазор сомонӣ сарф шуд.Набишо Бурҳонов дар хотима зикр кард, ки Қасри фарҳанги шаҳри Панҷакент дар миқёси мамлакат ягона мебошад.  

Апрель 17, 2009 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд