СОХТМОНИ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ШОҲОН-ЗИҒАР МОҲИ СЕНТЯБР БА ОХИР МЕРАСАД
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти мазкур оид ба марҳилаи дуюми лоиҳаи « Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар» сухан рафт. Директори лоиҳаи « Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар» Исмонқул Шоқулов иттилоъ дод, ки арзиши умумии лоиҳаи марҳилаи дуюм 15,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Сарчашмаҳои маблағгузорӣ қарзи Бонки Исломии Рушд 13,77 млн. доллари ИМА ва ҳиссаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,13 млн. доллари ИМА мебошад. Маблағҳои азхудкардашудаи марҳилаи дуюм аз аввали татбиқи лоиҳа 6,94 млн. доллари ИМА, фоизи азхудкунӣ 43,65 % мебошад. Бояд қайд намуд, ки мӯҳлати сохтмони марҳилаи дуюм, мувофиқи нақша 22 моҳ муайян гардидааст. Оғози кор декабри соли 2007 ва ба анҷом расонидани он моҳи сентябри соли 2009 дар назар дошта шудааст, гуфт Исмонқул Шоқулов. Ҳаҷми корҳои сохтмонии лоиҳа асосан корҳои заминӣ ва таркишкорӣ, сохтмони як адад пул, ки дарозиаш 32 м аст, васл ва хобондани қубурҳои обгузар ва обпарто 19 адад, сохтмони деворҳои ҳимоявии роҳ, корҳои бетонӣ ва топографиро дар бар мегирад. Дарозии роҳи сохташаванда 9,75 км ( аз 19,25 км то 29,00 км) ва паҳнои таҳкурсии роҳ 9 м ( 3 — категорияи роҳ) мебошад. Бо ин мақсад, мувофиқи нақшаи кории пудратчӣ, кори ҳамарӯза дар ду баст ташкил карда шуда, 177 — нафар коргарони маҳаллӣ,ки 80% ташкил медиҳад, инчунин кормандони ботаҷрибаи хориҷӣ ба кор ҷалб карда шудаанд. Аз ҷониби пудратчӣ техника ва таҷҳизотҳои пуриқтидор ба минтақаи корӣ оварда шуда, мавриди истифода қарор дода шудаанд. Корҳои сохтмонии марҳилаи дуюм имрӯз, аз км 19, 250 то км 27, 100 иҷро шуда истодааст.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






