СОЗИШНОМАИ ҚАРЗӢ ТАСДИҚ ГАРДИД

Апрель 24, 2009 12:29

                 Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ҶТ нишасти матбуот бо намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.                 Дар нишасти мазкур оид ба лоиҳаи таҷдиди марҳилаи дуюми роҳи Душанбе — сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон сухан рафт.                Директори лоиҳа Низом Ҳакимов иттилоъ дод, ки соли 2005 Созишномаи қарзӣ аз тарафи Шӯрои директорони Бонки Осиёгии Рушд тасдиқ гардид ва соли 2006 ба имзо расид.                Бояд қайд намуд, ки маблағи умумии лоиҳа 39,5 млн. доллари ИМА, аз ҷумла қарзи БОР-30 млн. доллари ИМА, Фонди ОПЕК 3,5 млн. доллари ИМА, ҳиссаи Ҳукумати ҶТ 9,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.                 Масофаи роҳи автомобилгарди Нуробод — Рашт, 217 км мебошад, 77 км он айни замон дар ҳолати таъмир қарор дорад. Инчунин 8,6 км роҳи назди сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон (Қарамиқ) аз нав таҷдид карда мешавад. Тибқи лоиҳаи номбурда 60 км роҳҳои маҳаллӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, ки барои беҳтар кардани он аз лоиҳа маблағи муайян пешбинӣ шудааст.  

Апрель 24, 2009 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд