СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 101 ПАРВАНДАРО БАРРАСӢ НАМУД

Апрель 20, 2009 14:42

                   Душанбе, 20 апреля. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 101 парванда, ки аз он 49 парванда дар марҳилаи аввал, 9 парванда дар марҳилаи шикоятӣ, 31 парванда дар марҳилаи кассатсионӣ, 12 парванда дар Раёсати Суди Олии иқтисодӣ баррасӣ шудаанд, -гуфт раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирхоҷа Ғоибназаров дар нишасти матбуотие, ки 20 апрел дар Душанбе шуда гузашт.                   Инчунин, номбурда қайд кард, ки маблағи даъвоҳои қаноаткардашуда ба фоидаи даъвогарон як миллону 646516, сомониро ташкил дода, аз ҳамин ҳисоб маблағи 64784, 75 сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст.                  Дар ин давра Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ асосан парвандаҳоро вобаста ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва шаҳрвандонро дар соҳаи соҳибкорӣ, хусусигардонидании амволи давлатӣ, рӯёнидан зарар, беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, ҳифзи муҳити зист, шартномаҳои кредитӣ, гарав ва дигар дараҷаҳои парвандаҳоро баррасӣ намуданд.  

Апрель 20, 2009 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид