ТАҒЙИРОТ БА БУҶА
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- 8-уми апрел дар маҷлиси панҷуми сессияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба Қонун ҶТ «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки он Кумитаи ҳифзи муҳити зистро аз парокандашавӣ наҷот дод. Бино ба иттилои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хурсандқул Зикиров, айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷкистон 9 барномаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист роҳандозӣ шудааст. Боиси таассуф аст, ки ягон барнома аз ҷониби давлат маблағгузорӣ нагардидааст. То 8-уми апрел амалӣ шудани барномаҳо як тараф, маоши кормандони милитсияи экологиро бо сабаби дар буҷет барои соли 2009 пешбинӣ нашудани маблағ пардохт карда натавонистем. Барои амалӣ шудани барномаҳо дар як сол 11-13 млн. сомонӣ зарур аст.








Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






