ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ҶИНОӢ БА МАНФИАТИ ТАЪЛИМ
Душанбе, 8 апрел.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Чанде пештар аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ, коршинос Фаридуни Алӣ аз шаҳри Хуҷанд дар бораи марказҳои компютерӣ ва зарари онҳо ба рафти таълим изҳори норозигӣ карда буд. Ба андешаи коршинос Фариддуни Алӣ, афзоиши ҷиноят дар байни ҷавонон, хусусан наврасон аз қабили дуздӣ, ғоратгарӣ асосан аз марказҳои компютерӣ ибтидо мегирад. Маҳз ҳамин гуна андешаҳо боис шуд, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шавад. Тибқи тағйироти нави воридгардида, минбаъд нафақат ташкилот ё нигоҳдории қиморхона (казино), балки мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ ҳам ҷиноят буда, шахсоне, ки ба содир намудани ин ҷиноят даст мезананд бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати аз шаш то ҳашт сол ҷазо дода мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






