ТАҚДИМИ КИТОБҲО ИДОМА ДОРАД

Апрель 10, 2009 15:48

                 Бадахшон, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо). — Иқдоми Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар боби аз китобхонаҳои хусусӣ ба китобхонаҳои оммавӣ супоридани китобҳое, ки истифода шудаанд дар ВМКБ ҳамовозии самимиро рӯи кор овард. Сокинони шаҳру деҳот ба китобхонаҳои оммавӣ даста-даста китобҳоро супориданд. Танҳо дар шаҳри Хоруғ 3 бунгоҳи қабули китобҳо: назди китобхонаи вилоятии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, китобхонаҳои шаҳрию бачагона кушода шуд.        Тибқи иттилои директори китобхонаи вилоятӣ ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Алидод Чароғабдоров то 5-уми апрели соли ҷорӣ аз ҷониби роҳбарони идовару муассисот, ташкилоту корхонаҳо ва шахсони алоҳида ба ин китобхона 2400 нусха китоб тақдим карда шуд.

Апрель 10, 2009 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд