ТАҚДИРИ СӮҲРОБ ЛАНГАРИЕВ МАЪЛУМ ШУД
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиков).- 7 апрел дар шаҳри Душанбе Дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди Олии ҷумҳурӣ баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати Сӯҳроб Лангариев ва шарикони ӯ, ҷамъ 19 нафар барои содир намудани зиёда аз 41 ҷиноятза, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба монанди одамкушӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, тасарруфи ғайриқонунӣи нигоҳ доштани яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори ниҳоят зиёд, роҳзанӣ ва ғайра ба охир расид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ба Сӯҳроб Лангариев, А. Ғафуров, С. Ризоев, С. Бӯриев, Н. Сафаров ва дигарон ҳамагӣ 8 нафар ҷазои ниҳоии якумра аз озоди маҳрум сохтан, мусодираи молу мулк бо адои ҷазо дар колоннаи ислоҳотии дорои низоми махсус ва адои панҷ соли аввали мӯҳлати ҷазо дар маҳбас таъин гардид. Инчунин 11 нафар ҳаммаслакони онҳо Ш. Набиев, А, Лангариев, Б. Холмаҳмадов, Р.Таваккалов, Б. Шералиев, С. Назаров, Ш. Султонов, И. Одинаев, К. Раззоқов, Ҳ. Шамсов, ва Л. Гулмамадов ҳар кадоме бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлатҳои аз 8 то 21 сол бо мусодираи молу мулк маҳкум гардиданд. Қобили тазаккур аст, ки С. Лангариев аз наздикони яке аз қумандонҳои маъруфи Фронти халқии Тоҷикистон Лангарӣ Лангариев буда , барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин дар кофтуков қарор дошт ва ва моҳи маи соли 2008 дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир шуд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






