ТАҲИЯИ НАҚШАИ ТАДБИРҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ ПЕШГИРИИ ТАЪСИРИ БӮҲР

Апрель 15, 2009 11:35

               Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Дар Душанбе иҷлосияи 8 — уми муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм давом дорад. Дар он Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба аъзои парлумон пешниҳод менамояд.               Сарвари давлат зикр кард, ки таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон барало мушоҳида карда шуд.              Яке аз нишонаҳои аввалини он иҷро нашудани қисмати даромади буҷети давлат бори аввал дар давоми 8 соли охир мебошад. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти умумии дохилӣ дар давоми се моҳи аввали соли равон аз 3,5 фоиз бештар бошад ҳам, таҳлили пешакӣ нишон медиҳад, ки соли равон афзоиши воқеии истеҳсоли он нисбат ба нақшаҳои пешбинишуда хеле камтар хоҳад гашт. Президенти ҷумҳурӣ таъкид кард, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали оғози бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ барои пешгирии таъсири он тадбирҳои таъҷилӣ андешид ва айни ҳол барои ҳалли таъҷилии проблемаҳои мавҷуда тибқи нақшаи пешбинишуда кӯшиш ба харҷ медиҳад.                Комиссияи зиддибӯҳронии Ҳукумат нақшаи тадбирҳои аввалиндараҷаро тартиб дода, ба амалӣ сохтани он шурӯъ намуд. «Дар доираи нақшаи мазкур соли равон барои дастгирии буҷети давлат аз ҳисоби созмонҳои байналхалқии молиявӣ бештар аз 280 миллион сомонӣ ҷалб карда мешавад, — гуфт Эмомалӣ Раҳмон. — Илова бар ин барои нигоҳ доштани тавозуни пардохт ва дастгирии низоми молиявиии мамлакат аз ҳисоби Хазинаи байналхалқии асъор 300 миллион сомонӣ сарф карда мешавад. Мо бо назардошти идома ёфтани бӯҳрони молиявӣ ва афзоиши таъсири он бояд дар асоси истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда нақшаи тадбирҳои иловагиро барои солҳои оянда тартиб дода, устувории макроиқтисодиро таъмин намуда, пешрафти соҳаҳои асосии иқтисодиётро вусъат дода, барои ҷалби бештари сармоя шароити мусоид муҳайё сохта, ҷойҳои нави кор таъсис дода, бозори меҳнатро дастгирӣ намуда, тадбирҳои марбут ба расондани кӯмакҳои иҷтимоӣ ба аҳолиро дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ бечуну чаро иҷро намоем», — гуфт Сарвари давлат.                                                                   Тарҷумон — Қудратов А. 

Апрель 15, 2009 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад