ТАҲЛИЛИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Имрӯз дар ҷумҳурӣ 941 клуб, 1332 китобхонаи оммавӣ, 47 боғи фароғатӣ, 24 театри халқӣ, 33 дастаи тарона ва рақс ва 42 осорхона фаъолият дорад, гуфт вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ дар нишасти матбуотие, ки ба натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи аввали соли ҷорӣ бахшида шуд. Ӯ зикр намуд, ки бо мақсади ғанитар гардонидани ганҷинаи китоб аз ҳисоби китобхонаҳои шахсӣ соли чорӣ кормандони вазорат 2500 нусха, аҳолии ноҳияи Ҳисор 11270 нусха, раёсати фарҳанги вилояти Хатлон 100 нусха, шаҳрвандон ва муассисаҳои гуногуни шахри Қурғонтеппа 2000 нусха, Норак — 650 нусха, Кӯлоб — 374 нусха, Қубодиён — 370 нусха адабиёти гуногунро ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ тақдим намуданд. Алҳол 2020 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 1278 ёдгориҳои бостонӣ, 300 ёдгории меъморӣ ва 442 ёдгории таърихию монументалӣ мебошанд. Ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо нисбати ёдгориҳои ноҳияи Варзоб ва қалъаи Деҳқонободи ноҳияи Ваҳдат чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Бобати қонунӣ гардонидани ёдгориҳои таърихии ноҳияи Панҷакент 4 муҷассамаҳои ин шаҳр: ҳайкалҳои Деваштич, Фирдавсӣ, О.Мамадҷонова ва А.Рӯдакӣ соҳиби шиноснома шуданд. Муассисаҳои нашриявии «Адиб», «Ирфон», «Маориф ва фарҳанг», СИЭМТ, ҶСШК «Матбуот» тӯли семоҳаи аввал 35 номгӯӣ китобро бо теъдоди 108950 нусха ба чоп расонданд. Корхонаҳои полиграфӣ дар давраи хисоботӣ ба миқдори 361105 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ба маблағи 337 000 сомонӣ ба фурӯш бароварданд. Муассисаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» дар семоҳаи аввал аз нашриётҳои давлатию хусусӣ ва муаллифон ба маблағи 100585 сомонӣ китоб харида, ба маблағи 37933 сомонӣ китоб фурӯхтааст. Зикр гардид ки, ҳоло дар ҷумҳурӣ 94 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат амал мекунад, ки дар онҳо ҳудуди 14 ҳазор донишҷӯ ва талаба таҳсил намуда, ба онҳо 2,5 ҳазор омӯзгори соҳаи фарҳанг таълим медиҳад. Дар охир, намояндагони воситаҳои ахбори оммавии дохиливу хориҷӣ ба саволҳои сершумори худ аз масъулини вазорат ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






