ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУСОИДАТ БА БЕЗАРАР ГАРДОНДАНИ МИНАҲО ДАР ҶТ
Душанбе, 6 апрел (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- 4 апрел Рӯзи байналмиллалии мусоидат ба безараргардондани минаҳо таҷлил карда шуд. Дар ин рӯз таҳти васояти Ҳукумати Тоҷикистон дар «Кохи Ваҳдат» бахшида ба ин санаи муҳим ҷамъомади калон баргузор гардид. Дар ҷамъомад муовини раиси Комиссияи Ҳукумати ҶТ дар масъалаи амалӣ сохтани ҳуқуқи байналхалқии гуманитарӣ, вазири адлия Бахтиёр Худоёров сухан кард. Ҳамчунин намояндагони Муассисаи рушди СММ ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар ҷамъомади мазкур суханронӣ карданд. Ба иштирокчиёни ҷамъомад техника ва асбобу анҷоми безарар гардонидани минаҳо намоиш дода шуд. Меҳмонон ҳамчунин бо лавҳаҳо дар бораи дастовардҳои муассисаҳои огоҳкунӣ аз хавфи мина ва кӯмак ба осебдидагони минаҳо шинос гардиданд. Онҳо ба асарҳои тарбиягирандагони коллеҷи бадеии ш. Душанбе ба номи М. Олимов мароқ зоҳир намуданд, ки ба мавзӯи «Оқибатҳои ҳалокатовари таркиши мина ба ҳаёти одамон ва даъват ба мубориза ба муқобили мина» бахшида шуда буданд. Ҳар сол дар саросари ҷаҳон аз таркиши мина қариб 15-20 ҳазор нафар ҳалок ва ҳар 30 дақиқа як нафар маҷрӯҳ мегардад. Аз се як ҳиссаи онро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Мувофиқи маълумоти омор, дар Тоҷикистон аз соли 1992 то соли 2009 аз таркиши мина ва лавозимоти дигари ҷангии нотаркида қариб 800 нафар зарар дид, ки нисфи онҳо ҳалок шуда ва нисфи дигарашон маҷрӯҳ шуданд. Танҳо соли 2008 аз таркиши минаҳо ва лавозимоти дигари ҷангии нотаркида 4 нафар ҳалок ва 9 нафар маҷрӯҳ шуд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






