ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ИЛМ

Апрель 20, 2009 10:19

               Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар Тоҷикистон Рӯзи илм ботантана таҷлил карда шуд. Ба ин муносибат дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ҷамъомади серодам баргузор гардид. Дар он олимон, роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок доштанд.               Раиси Академияи илмҳо Мамадшо Илолов зикр кард, ки олимони тоҷик дар соҳаҳои химия, математика, демография, биология ва соҳаҳои дигари илму иқтисод торафт бештар ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд. Вай аз ҷумла, мулоқоти олимони академияро бо роҳбарияти КВД «ТАЛКО» мисол овард. Дар он масъалаи истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ барои истеҳсоли алюминий муҳокима карда шуд. Қайд карда шуд, ки имсол ҷашнҳои рӯзи таваллуди баъзе олимони машҳуру барҷаста таҷлил карда мешаванд, ки дар пешрафти илми ҷаҳон саҳми калон гузоштанд.

Апрель 20, 2009 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст