ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КАЙҲОННАВАРДОН
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 12 апрел дар бисёр мамлакатҳо Рӯзи кайҳоннавардон ботантана ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат дар Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон низ ҷамъомади серодам баргузор гардид. Дар он сухан дар бораи таърихи таҳқиқи фазои кайҳон, нақши олимон ва муҳаққиқони шӯравӣ дар ин соҳа ва иштироки олимони тоҷик дар пешрафти илми кайҳоншиносӣ рафт. Иштирокчиёни маҷлис хотираи аввалин кайҳоннавард Юрий Гагаринро пос доштанд. Номи Ю.Гагарин 12 апрели соли 1961 дар саросари ҷаҳон машҳур гардид. Вай нахустин сокини сайёра мебошад, ки бо киштии кайҳоннавардии «Восток» ба фазои назди Замин баромада, дар атрофи он давр зада буд. Парвози Гагарин як соату 48 дақиқа давом кард. Кайҳоннаварди нахустин ба бисёр мамлакатҳои ҷаҳон сафар карда буд. Ӯро дар ҳама ҷо ботантана пешвоз мегирифтанд. Гагарин орзу дошт, ки боз ба кайҳон парвоз карда, проблемаҳои мураккабтари илмиро таҳқиқ намояд. Вале Ю.Гагарин 27 марти соли 1968 зимни парвози озмоишӣ бо ҳавопаймоӣ МИГ — 15 ба фалокат дучор гардида ҳалок шуд. Ҳамроҳи ӯ лётчики озмоишгар, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, полковник В.Серёгин низ ба ҳалокат расид. Сабаби аниқи ин воқеа то ҳол маълум нест. Ю.Гагарин ҳамон вақт нав ба синни 34 — солагӣ расида буд. Ю.Гагарин хеле барвақт аз ҳаёт чашм пӯшида бошад ҳам, роҳи кайҳонро ба дигарон кушод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






