ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАМИН ДАР ТОҶИКИСТОН

Апрель 20, 2009 10:18

                          Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — 22 апрел Дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии Замин таҷлил карда мешавад. Ҳадафи таҷлили он муттаҳид сохтани сокинони мамлакатҳои гуногун барои ҳифзи муҳити зист мебошад. Ба ин муносибат аз 22 то 26 апрел дар театри ба номи Маяковский ҳафтаи филмҳои экологӣ баргузор мегардад. Ташкилкунандаи ҳафтаи мазкур Маркази фарҳангии «Бактрия» аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» директори Маркази экологии ҷавонон Юрий Скочилов хабар дод. Инчунин, бахшида ба Рӯзи Замин дар ин ҷо ҷамъомаду машваратҳои дигар ба нақша гирифта шудаанд.                 Ба муносибати таҷлили Рӯзи Замин дар давоми як ҳафта дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт ва маҳалҳои дигари аҳолинишини мамлакат маъракаҳои ниҳолшинонӣ, сабзу хуррам гардонидани кӯчаю хиёбонҳо, ба тартиб овардани атрофи биноҳо гузаронида мешаванд. Дар ин маъракаҳо аҳолии маҳаллӣ ва донишҷӯёну талабагон иштирок менамоянд.

Апрель 20, 2009 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст