ТАБДЛИЛИ БОЗОРИ «ЗАРНИСОР» БА МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МАИШӢ

Апрель 11, 2009 10:59

                Душанбе, 11 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-10 апрел Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар робита ба иҷрои ҳалномаи қабул намудаи Суди Олии иқисодии ҷумҳурӣ оид ба қазияи байни прокуратураи шаҳри Душанбе дар шахси иҷрокунандаи вазифаи прокурори шаҳри Душанбе ва ҶДММ «Зарнисор-Т», соҳибмулкони ҷамъияти мазкурро ба ҳузур пазируфт.               Тибқи иттилои котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид дошт, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри таъмини волоияти қонун дар пойтахт, дар ҳалли қазияи мазкур аз ҳалномаи судӣ пазироӣ менамояд.                 М. Убайдуллоев афзуд, ки ҶДММ «Зарнисор-Т» тибқи муқаррароти ҳалномаи Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бартарафсозии бозори ғайриқонунии «Зарнисор»-ро аз ҳисоби худ таъмин сохта, дар сурати мавҷуд будани имкониятҳои молиявиаш ҷиҳати дар асоси талаботи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар заминаи ҳудуди қитъаи замини бозори ғайриқонунӣ метавонад бо муроҷиати расмӣ унвонии шаҳрдорӣ бунёди иншооти пешбинигардидаро амалӣ созад.                 Инчунин, муқаррар сохт, ки ба хотири дастгирии соҳибкории ватанӣ ва мувофиқат намудани бинои сеошёнаи бозори «Зарнисор» ба талаботи Нақшаи генералии шаҳр ва мавҷуд будани хулосаҳои мусбии институтҳои дахлдори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи нигаҳдошт ва ҳамчун маркази хизматрасониҳои маишӣ мавриди истифода қарор додани он тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда баррасӣ карда шавад.

Апрель 11, 2009 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид