ТАБОБАТИ БЕМОРИИ СИЛ МАБЛАҒИ ЗИЁД МЕХОҲАД
Душанбе, 8 апрел.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Ҳамадонӣ Асрор Исупов, соли 2008 дар ноҳия 183 нафар беморони мубталои сил ба қайд гирифта шудааст. Дар моҳи январи соли ҷорӣ мубталоёни ин беморӣ 15 нафарро ташкил додааст. Ба ин беморӣ асосан сокинони деҳаҳои Қарағоч, Бузахона, Оқмазори ҷамоати Чубек гирифторанд. Мушкилот он аст, ки дар ин деҳаҳо намуди устувори бемории сил муайян гардидааст, ки табобати он доруи таъсири баланд доштаро талаб мекунад. Чунин доруҳои таъсирнокро дар ноҳия пайдо кардан амри муҳол аст. Ин аст, ки соли 2008 дар деҳаи Қарағоч 18 нафар гирифторони намуди бемории устувори сил ҷони худро аз даст доданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






