ТАДБИРҲОИ ЗИДДИБӮҲРОНӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Апрель 22, 2009 08:07

                Хуҷанд, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилояти Суғд дар давоми се моҳи аввали соли 2009 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он раиси вилоят Қоҳир Расулзода иштирок дошт.                  Вай зимни ҷавоб ба саволҳои хабарнигорон изҳор намуд, ки рӯзҳои наздик ба бештар аз 90 ҳазор оилаи камбизоати вилоят чароғҳои барқии каммасраф тақсим карда мешаванд. Барои харидани чунин чароғҳои барқӣ аз ҳисоби буҷетҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ маблағ ҷудо карда мешавад.                 Ба қавли Қ.Расулзода, барои таҳлили таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва қабули қарорҳои дахлдор гурӯҳи махсуси корӣ ташкил карда шуд. Тибқи дастурҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми ӯ ба Маҷлиси олии ҷумҳурӣ ифода ёфтаанд, дар вилоят тадбирҳои зиддибӯҳронӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар бобати то ҳадди имкон кам кардани сафарҳои хидматӣ, сарфа кардани маблағ барои хариди воситаҳои нақлиётӣ, асбобу анҷом ва ғайра барқияҳо фиристода шуданд.                  Қайд карда шуд, ки дар давоми се моҳи гузашта ба вилоят аз ҳисоби мардикорон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,3 миллион доллар кам маблағ ворид гардид. Ин зарурати зиёд кардани миқдори ҷойҳои кориро ба миён мегузорад.                  Дар ин муддат ба туфайли ярмаркаҳои ҷои кори холӣ 1500 нафар бо кор таъмин гардид. Қайд карда шуд, ки вақтҳои охир дар ҳудуди вилоят якчанд корхонаи нав ба кор шурӯъ намуд. Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Эрон «Нику — Хуҷанд», корхонаи маъдантозакунии «Анзоб», коргоҳҳои нави калобаресӣ дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод ва Спитамен аз ҳамин ҷумлаанд.  

Апрель 22, 2009 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст