ТАФТИШИ СИФАТИ МАВОДИ ХӮРОКА

Апрель 15, 2009 14:37

                  Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Мутахассисони агентии «Тоҷикстандарт» барои муайян намудани шароити истеҳсол ва фурӯши маводи хӯрокаи гӯштӣ ва ширӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ тафтиш гузарониданд. Бо ин мақсад мағозаҳои хӯроквории «Сафар», «Идигул» ва «Нодира» тафтиш карда шуданд, ки дар онҳо асосан навъҳои гуногуни ҳасибу колбаса фурӯхта мешуд. Дар ин мағозаҳо маҳсулоти корхонаҳои ҳасиббарории шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ фурӯхта мешаванд. Дар ҷараёни тафтиш муқаррар карда шуд, ки ҳамлу нақл, фурӯш ва нигоҳ доштани маҳсулоти гӯштӣ ба талаботи стандартӣ давлатӣ мувофиқ нест. Дар ин мағозаҳо навъҳои гуногуни колбаса нишонаҳои қалбакии молӣ дошта, дар онҳо таърихи рӯзи истеҳсолашон нишон дода нашудааст.                  Мутахассисон намунаи тамоми навъҳои колбаса ва ҳасибро гирифта барои тафтиш ба озмоишгоҳи агентӣ фиристоданд. Маълум гардид, ки ҳамаи онҳо ғайриқобили истеъмол буда, ба саломатии одам зарар доранд. Аъзои комиссия дӯконҳои шахсии соҳибкорон К.Хидиров, Х.Абдушукуров, коргоҳи колбасабарории Н.Ҷалолов, мағозаҳои шахсии А.Сафаров, О.Ҳайдаров, Н.Юнусов, Р.Наҷмиддинов ва дигаронро тафтиш намуда, фурӯши колбасаро дар онҳо манъ намуданд.

Апрель 15, 2009 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид