ТАЙЁРӢ БА МАРОСИМИ ҲАҶ
Душанбе, 1 апреля. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби сафари дастаҷамъии шаҳрвандони мамлакатро ба ҳаҷ ва умра тасдиқ намуд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорат хабар доданд, муқаррар намудани тартиби сафари дастаҷамъии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаҷи умра ҳамчун мақоми марказии ваколатдори ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.Онҳое, ки як бор ҳаҷ карданд, танҳо бо гузашти 5-сол баъди сафари қаблӣ ба ҳаҷи навбатӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд. Синни ҳаҷравандагон аз 18 то 80-сола муқаррар карда шудааст. Ҳамроҳӣ намудани пиронсолони синну соли нафақа мувофиқи матлаб буда, ба сафари занҳо танҳо бо ҳамроҳии шахсони маҳрамашон иҷозат дода мешавад. Роҳбаладон дар асоси озмун аз ҷумлаи донандагони забони арабӣ, маносики ҳаҷ ва кормандони иттиҳодияҳои динӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, синну соли онҳо аз 25 то 50-сола муқаррар мегардад. Ҳамчунин Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро ба салоҳияти худ гирифтааст: Дар ҳолатҳои зарурӣ барои сафар кардан дар ҳайати гурӯҳи корӣ ва ё бо дигар сифате, ки барои ташкил ва гузаронидани ҳаҷ зарур аст, мутахассисони касбиро дар асоси шартномаи меҳнатӣ ҷалб менамояд, ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани раводид, таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати муташаккилона гузаронидани ҳаҷ ва фиристодани гурӯҳҳои корӣ ба Арабистони Саудӣ муроҷиат менамояд, бо Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик-Эйр» барои ташкили сафари ҳоҷиён ба Арабистони Саудӣ ва оид ба хизматрасонӣ ба онҳо дар фурӯдгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома имзо мекунад ва қабл аз ду моҳи оғози сафари ҳаҷ ҷадвали мувофиқашудаи рафту баргашти ҳоҷиёнро талаб менамояд ва ғайраҳо. Хизматҳои Вазорати фарҳанг дар мавриди гузаронидани сафари дастаҷамъӣ ба ҳаҷ, масрафҳо барои таъмини роҳбаладии гурӯҳҳои ҳоҷиён, хизмати аввалияи тиббӣ ва дигар хизматҳои вобаста ба сафари дастаҷамъии ҳаҷ аз ҷониби зоирон дар асоси шартнома пардохт карда мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






