ТАЛАБАГОНИ ТОҶИКИСТОН БА ОЛМОН МЕРАВАНД

Апрель 14, 2009 15:02

                 Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Гурӯҳи аввали талабагони ҷавони тоҷик, ки дар шаҳри Бремени Олмон дар олимпиадаи 50-уми байналхалқӣ аз фанни математика иштирок мекунанд, маълум карда шуд. Онҳо баъди олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки дар мактаби миёнаи № 10 гузаронида шуда буд, интихоб гардиданд. Ба ҳайати доварон намояндагони Академияи илмҳои ҶТ, Гимназияи муштараки Тоҷикистону Русия, Гимназияи муштараки Тоҷикистону Туркия шомил буданд.                Дар натиҷаи ҷамъбасти озмуни интихобӣ 6 талабаи беҳтарин интихоб карда шуд. Онҳо талабагони Гимназияи муштараки Тоҷикистону Русия-Иномҷон Мирзоев, талабаи Гимназияи муштараки Тоҷикистону Туркия- Комрон Ғиёсов ва талабагони мактабҳои миёнаи шаҳр Олим Пирмаҳмадов, Шоҳин Саъдуллоев, Муҳаммад Шоев, Хусрав Ёров, Толиб Сайфиддинов мебошанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» мудири шӯъбаи Пажӯҳишгоҳи математикаи Академияи илмҳои ҶТ Умед Каримов хабар дод.                                                                     Тарҷумаи Зебо Иноятова 

Апрель 14, 2009 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид