ТАНГАИ БМТ ДАР ОЗМУНИ «МОНЕТНОЕ СОЗВЕЗДИЕ – 2009»

Апрель 30, 2009 15:10

                  Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 15 апрели соли равон овоздиҳии интернетӣ аз рӯи озмуни «Монетное созвездие — 2009», ки аз ҷониби нашриёти «Уотер Марк» -ношири маҷалла дар бораи бозори тангаҳои хотиравӣ «Золотой червонец» ва маҷалла оид ба маҳсулоти ҳимоявӣ «Водяной знак» созмон дода шудааст, оғоз ёфт. Дар озмуни номбурда тангаҳои Бонкҳои марказӣ ва Сиккахонаҳои қариб 70 мамлакати дунё ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд. Ин озмун то 31 майи соли ҷорӣ идома меёбад.                   Тангаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба озмуни зикршуда пешниҳод шудаву дар он ширкат меварзад, ба ифтихори 1150 -солагии асосгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муомилот бароварда шуда буд.                 Мавриди зикр аст, ки дар саҳифаи интернетии Бонки миллии Тоҷикистон баннери озмуни мазкур бо ишора ба овоздиҳии интернетӣ ҷой дода шудааст. Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон аз муштариён ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки тангаи миллии тоҷикро, ки дар озмун иштирок дорад, дастгирӣ намоянд ва мавқеи худро ба ҷонибдории он дар саҳифаи http://www.coinconference.com/cgi-bin/coins2009_rus изҳор намоянд.  

Апрель 30, 2009 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад