ТАРКИШИ МИНА ДАР ЛАККОН
Исфара, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло). -Бино ба гуфтаи котиби иҷроияи бахши шаҳрии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Бурҳон Юсуфов дар мавзеъи наздисарҳадии Лаккон дар натиҷаи таркиши мина сокини 33 солаи деҳа Ҷамшед Давронов ба ҳалокат расидааст. Ин фоҷиа ҳангоми саъйи фавтида ҷиҳати аз хатти сарҳад баргардонидани чорво ба амал омадааст. Ҳодисаи мазкур дар тӯли 9 соли охир 18-умин таркиш дар мавзеъҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ба шумор рафта, бар асари онҳо 18 нафар ҳалок шуда 25 нафар захм бардоштаанд. Таҳрири Жасмин Назарова








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






