ТАШВИШИ ДУХТУРОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дар вилояти Суғд амалӣ сохтани тадбирҳои пешгирикунанда вобаста ба мушоҳида гардидани аломатҳои паҳншавии бемории зукоми мурғон дар минтақа аз нав давом дода мешавад. Сардухтури хадамоти байтории вилоят Муллоҷон Амирбеков ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки айни ҳол дар байни аҳолӣ, бозорҳо, муассисаҳои савдо ва корхонаю хоҷагиҳои мурғпарварӣ чораҳои пешгирикунанда андешида мешаванд. Инчунин фаъолияти бунгоҳҳои санитарӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ, майдони ҳавоӣ, истгоҳи марказии роҳи оҳан ва ҷойҳои дигар пурзӯр гардонда шуданд. Духтурон вазъи саломатии ҳамаи мусофирони аз мамлакатҳои дигар ба ҳудуди вилоят дохил гардидаро месанҷанд. Тибқи қарори 16 апрели соли равон қабулгардида ба ҳудуди вилоят ворид сохтани гӯшту тухми мурғ аз мамлакатҳое, ки дар онҳо бемории зукоми мурғон паҳн гардида буд, манъ карда шуд. Белгия, Гонконг, Ветнам, Норвегия, Олмон, Канада, Ҳиндустон ва Бангладеш аз ҷумлаи чунин мамлакатҳо мебошанд. Ҳамаи ин тадбирҳо хусусияти муваққатӣ доранд. Онҳо баробари аз байн рафтани хавфи паҳн гардидани беморӣ бекор карда хоҳанд шуд, гуфт М.Амирбеков.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






