ТАЪСИРИ БӮҲРОНИ ЧАҲОНИ МОЛИЯВӢ БА ТОҶИКИСТОН СОЛИ 2009 МЕРАСАД
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 31 март дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси намояндагии доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон бахшида ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти мамлакат нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд. Дар он кормандони намояндагии бонки мазкур дар Душанбе Макото Оҷиро, Зафар Ҳотамов ва дигарон ширкат варзиданд. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон соли 2008 — ум 7,9 фоиз афзуд. Соли гузашта хусусан соҳаҳои чорводорӣ ва истеҳсоли сабзавоту мева афзуд. Илова бар ин нархи маводи озуқа дар бозори ҷаҳон то андозае баланд шуд. Коршиносони бонк изҳор намуданд, ки таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар Тоҷикистон соли 2009 бештар ҳис карда мешавад. Сабаби ин кам шудани интиқоли пул аз тарафи мардикорони тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон мебошад. Бояд гуфт, ки аввали соли равон ҳаҷми фиристодани пул аз мамлакатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон қариб 50 фоиз кам шуд. Инчунин, нархи маводи асосии содиротии мамлакат — алюминий ва нахи пахта низ торафт арзонтар мегардад. Ба қавли коршиносон афзоиши содироти маҳсулот аз Тоҷикистон дар соли 2009 кам гардида, баъдан аз соли 2010 сар карда, рӯ ба афзоиш меорад. Ҳукумати ҷумҳурӣ буҷети соли 2009 — ро бо назардошти амалӣ сохтани тадбирҳои бартараф намудани оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ таҷдиди назар хоҳад кард. Соли равон ба масъалаи ҷамъоварии андоз диққати бештар дода хоҳад шуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






