ТО ҶАШНИ ЗАБОНИ ЛОИҲАИ НАВИ ҚОНУН ҚАБУЛ МЕШАВАД
Душанбе, 10 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вақтҳои наздик лоиҳаи нави Қонуни забони тоҷикӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати баррасӣ ба парлумони мамлакат -Маҷлиси намояндагон пешниҳод мегардад, ки он бояд то ҷашни 20-солагии қабули Қонуни забон қабул карда шавад. Назар ба иттилои роҳбари дастгоҳи кории Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффор Ҷӯраев, идеяи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни забони кишвар ҳанӯз соли 2004 ба миён омада буд. Дар робита аз ҳисоби донишмандон ва забоншиносони шинохтаи ҷумҳурӣ гурӯҳи корӣ созмон дода шуд. Гурӯҳи кории мазкур дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд, ки дар асоси он дар тамоми моддаҳои қонун тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳанӯз 20 сол муқаддам, аниқтараш 22 июли соли 1989 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд ва он аз 8 боб ва 37 модда иборат аст. Бо мурури вақт дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷттимоию фарҳангии ҷумҳурӣ дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Ва ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни забон, ҳифзи забони модарӣ аз ҳар гуна хавфу хатарҳо дар шароити глобализатсияи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани мақоми забони модарӣ дар миқёси байналмилалӣ аст. Тибқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин қонун дар ҷумҳурӣ баргузории нишасту конфронсҳои байналмилалӣ, ба имзо расонидани қарордодҳо, муносибатҳои дипломатӣ, бахусус забони мукотиба бо сафоратхонаҳо, пазироӣ, ҷаласаҳо ба забони давлатӣ сурат мегирад. Ғаффор Ҷӯраев мегӯяд, ки алҳол тибқи санҷишҳои анҷомдодаи аъзои Комиссияи татбиқи қонуни забони назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар аксари мақомоти иҷроияи ҷумҳурӣ коргузорӣ ба забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар мақомоти идории кишвар (вазорату идораҳо) 60-70 фоизи коргузорӣ бо забони тоҷикӣ сурат мегирад, ки он бар хилофи қонуни забони тоҷикӣ аст. Масъалаи ҳифзи забони давлатӣ дар шароити бархӯрди тамаддунҳо дар мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар махсус зикр гардида буд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ватандӯстро месазад, ки дар ҳифзу покизагии забони модарии худ устувор бошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






