ТОҶИКИСТОН ОИННОМАИ СКИ-РО ТАСДИҚ КАРД
Душанбе, 8 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Парлумони Тоҷикистон 8 апрел Оинномаи Созмони Конфронси Исломиро тасдиқ кард. Зимни баррасии ин масъала муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Абдулло Юлдошев гуфт, ки Оинномаи Созмони Конфронси Исломӣ аз 18 боб ва 39 модда иборат буда, фаъолияти созмони мазкурро ба танзим медарорад. Фаъолияти созмон дар доираи Оинномае, ки соли 1974 қабул гардида буд, амалӣ гардонида мешавад. Бояд тазаккур дод, ки Созмони Конфронси Исломӣ соли 1969 таъсис ёфта қароргоҳаш шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудист.Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1992 ба ҳайати ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шудааст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






