ТОҶИКИСТОН ВА НАТО: «ШАРИКИ БАҲРИ СУЛҲ»
Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири Кулли Ассамблеяи парлумонии Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Девид Хоббсро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз раванди хамкорихо дар чахорчӯбаи барномаи «Шарикӣ бахри сулх» ва Накшаи инфиродии хамкорӣ бо НАТО бо қаноатмандӣ ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки ҳамроҳшавии пешомади Тоҷикистон ба барномаи «Банакшагирӣ ва ҷараёни тахлил» низ василаи хуби рушди хамкорихои минбаъда хохад шуд». Девид Хоббс дар навбати худ изҳор дошт: «Мо нақши эътидоловарии Тоҷикистонро дар Осиёи Марказӣ басо арзишманд мешуморем ва ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар мавриди Афғонистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунем». Дабири Кулли Ассамблеяи парлумонии Паймони Атлантикаи Шимолӣ ҳамчунин изҳор дошт: «Мо он мувозинатеро, ки Тоҷикистон дар муносибатҳои худ бо давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Россия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои ҳамсояи худ риоя мекунад, пурарзиш ва ибратбахш медонем». Зимни суҳбат оид ба пешниҳодҳо баҳри дар Тоҷикистон кушодани ниҳодҳои минтақавии НАТО чун Маркази махсус оид ба мубориза бо терроризм ва Маркази наҷотдихӣ аз ҳолатҳои фавқулодда гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Густариши робитаҳои Ассамблеяи Парлумонии НАТО бо Маҷлиси Олии Тоҷикистон воситаи хуби рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба ва таъмини заминаи ҳуқуқии он маънидод гардид.Мубодилаи судманди афкор ҳамчунин оид ба дастгирии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва тоза кардани сарҳади давлатӣ бо Афғонистон аз мина ва дигар моддаҳои тарканда анҷом дода шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳамгироиҳои вобаста ба Афғонистон изҳор дошт: «Амалиётхои низомӣ дар Афгонистон бояд бо муборизаи беамон бар зидди истехсоли маводи мухаддир ва хамчунин бо татбики васеи барномахои иктисодӣ ва халли масъалахои иҷтимоӣ дар ягонагӣ сурат гиранд, зеро бе бартараф сохтани монеахои вобаста ба ин масъалахо раванди сулх мухлати тӯлонӣ ва масрафи зиёд мехохад». Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт: «НАТО чун ҷузъи мухими нерӯҳои таъмини сулх дар Аф?онистон бояд бо мамолики хамсоя, хусусан бо Тоҷикистон, ки дар Осиёи Миёна бо ин кишвар сархади аз хама тӯлонӣ дорад, хамкории фаъолонаро ба рох монад» ва таъкид намуд, ки татбиқи босамари лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон ба барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон низ мусоидати фаъол хоҳад кард.Дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






