ТОҶИКИСТОНУ ИТАЛИЯ МУНОСИБАТҲОИ ДУҶОНИБАРО ГУСТАРИШ МЕДИҲАНД
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Мушовири давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия, сенатор Алфредо Мантика мулоқот кард. Сарвазири мамлакат дар ҷараёни мулоқот изҳор дошт, ки ҳарчанд робитаҳои ҷонибҳо ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда бошад ҳам, то ҳол сатҳи ҳамкориҳо қаноатбахш нестанд. Соли 2008 гардиши мол миёни Тоҷикистону Италия ҳамагӣ беш аз 4,5 миллион доллари америкоиро ташкил дод, ки дар қиёс ба имконоти ҷонибҳо нишондиҳандаи хеле паст аст. Алфредо Мантика дар навбати худ тазаккур дод, ки мақсади сафараш ба Тоҷикистон аз таҳкиму тавсеа бахшидани муносибатҳо бо ин давлат буда, ҷониби Италия низ сатҳи ҳамкориҳоро қаноатбахш намеҳисобад, зеро барои ба сатҳи зарурӣ расонидани ҳамгироиҳои муштарак минбаъд аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода бурдан лозим аст. «Умедворем ,ки бо имзои ду созишнома, ки дар доираи сафари ман ба Тоҷикистон дар нақша дошта шудааст, қадами боварибахшу устуворе дар роҳи тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Италия гузошта хоҳад шуд», — гуфт А.Мантика. Дар мулоқот ҳамзамон масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмиллалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил, таҳкими иқтидори ҳифзи сарҳади давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар барқарорсозии иқтисодиёти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






