«ТОҶИКМАТЛУБОТ» НАҚШАРО БАРЗИЁД ИҶРО КАРД
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ итифоқу ҷамъиятҳои матлубот, муассисаву корхонаҳои кооператсияи матлубот фаъолияти худро, новобаста аз таъсири бӯҳрони молиявӣ-иқтисодии ҷаҳон, ба таври қаноатбахш ҷамъбаст намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, дар ин давра ҳаҷми умумии муомилоти чаканаи мол ба 25,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин 116,6 фоизи иҷрои нақша буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,7 миллион сомонӣ зиёд аст, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 21 апрел муовини аввали раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Тӯхтабой Маҳмудов. Ӯ афзуд, ки дар се моҳи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти моли соҳаи хуроки умумй 132,1 фоизро ташкил намуд, ки он нисбат ба семоҳаи аввали соли 2008 — 1,2 миллион сомонӣ афзоиш дода шуд. Ҳаҷми хариди маҳсулоти кишоварзӣ ва хариду захираи маҳсулоти чорво бошад ба маблағи 16,4 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки баробари 139,2 фоизи нақша мебошад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,6 миллион сомонӣ зиёд аст. «Гуфтанист, ки дар намоиш-фурӯши назди бозори «Қарияи Боло»-и шаҳри Душанбе 249 тонна молу маҳсулот бо нархҳои нисбатан аз бозор — 15-20 фоиз арзон ба фурӯш бароварда шуд, ки ин бевосита аз таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти босифат ва нисбатан арзон гувоҳӣ медиҳад. Дар оянда низ қариб ҳар ҳафта чунин намоиш-фурӯшҳо дар пойтахт ташкил карда мешаванд», — тазаккур дод Т. Маҳмудов. Дар фарҷом Т. Маҳмудов ва сардорони раёсату шӯъбаҳои «Тоҷикматлубот» ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас доданд.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






